Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2019

ш.Душанбе. 15.03.2019. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аснои шиносоӣ иттилоъ доданд, ки ин муассисаи навбунёди таълимӣ барои 820 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 21 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннии физика, кимиё, биология, компютерӣ, таълими ибтидоии ҳарбӣ, таълими меҳнат барои духтарону писарон, утоқи бозии шоҳмот, китобхона, ошхона ва толори муосири варзишӣ мебошад.
Ин муассисаи нави таълимӣ  бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози кишвар бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии мактаб моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, коргарону мутахассисони ҶДММ «Абдураҳмон-2013» тавонистанд, дар як муддати кӯтоҳ онро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» маҳсуб меёбад.
Раиси шаҳри Душанбе зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорону муҳассилин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Ин муассисаи хуштарҳу замонавӣ бо системаи мустақими гармидиҳӣ, ки бо ангишт ва неруи барқ кор мекунад, муҷаҳҳаз мебошад.                                               
Дар муассисаи нави таълимие, ки имрӯз мавриди истифода қарор гирифт, барои омӯзиши технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ шароити арзанда фароҳам гардидааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84-и ноҳияи Сино ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон омӯзгорони ҷавону соҳибтахассус ҷалб гардида, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон имкониятҳои фаррох муҳайё аст.
Толори барҳавои варзишии муассиса дорои 100 ҷойи нишаст буда, дар он мусобиқаҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва тенниси рӯи миз баргузор карда мешавад.
Ҳамакнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур дар баробари рафъи мушкилоти мавҷуда беш аз 30 нафар мутахассисон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Соҳаи маориф аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хосатан пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Ин ҳама ғамхориҳо танҳо ба хотири тарбияи насли руҳану ҷисман солим, худшиносу меҳандӯст ва пуштибони манфиатҳои давлату миллат равона гардидааст.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ҷавонону наврасонро мебояд бо дониши баланд ва ахлоқи ҳамида илмҳои муосирро аз худ намуда, оянда дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.