Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 March 2019

ш.Душанбе. 22.03.2019. Имрӯз ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар Форуми байналмилалӣ  таҳти унвони “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии кишвар, васоити ахбори омма, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд. Қабл аз оғози форум иштирокчиёни он аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда буд, боздид намуданд
Форум кори худро дар Кохи навтаъсиси "Суруш" таҳти раёсати Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ оғоз кард.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода  паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро  ба иштирокдорони ин чорабинии байналмилалӣ расонд.
Тавре зикр гардид, мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз таҷассуми  гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ,   суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.
Боиси ифтихори тоҷикон аст, ки  Иди  Наврӯз  ҳамасола дар саросари  кишвар  тавассути  барномаҳои  пуршукӯҳи идона, доир  намудани  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  баргузории  барномаи  театрӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  кишвар,  арҷ  гузоштан ба мероси  пурғановати ниёгону  шукургузории сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастии кулли  сокинони   мамлакат таҷлил  мешавад. 
Дар расми ифтитоҳи форум намояндаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Президенти Ташкилоти байналхалқии Душанбе – Боулдер бародаршаҳрҳо ҷаноби Ретт Эртл,   Раиси корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, муовини Ҳокими шаҳри Тошканд Шароф Раҳмонов, муовини Сардори Дафтари машваратӣ оид ба корҳои хориҷии Ҳукумати Мардумии шаҳри Чиндао хонум Чжэн Чжу  ва  дигарон андешаҳояшонро дар бораи Наврӯз ҳамчун рамзи фарҳангию сайёҳӣ иброз  намуданд.
Дар қисмати минбаъдаи ҷаласаи ифтитоҳии форум Неъматулло Ҳикматуллозода - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Наврӯз - ғояи созандагӣ ва рушд”, Фаррух Ҳамрализода - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Наврӯзи байналмилалӣ - муаррифгари имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, Атиқуллоҳ Ваҳҳобзода - муовини волии шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзӯи “Муштаракоти ҷашни Наврӯз”, Рашид Олимов - доктори илмҳои сиёсӣ дар мавзӯи “Иди байналмилалии Наврӯз”,  Нуъмон Абдуғаффорзода - Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Наврӯз - бренди сайёҳии Тоҷикистон” ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Тавре тазаккур дода шуд, мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд.
Воқеан сифатҳои некбинонаи ҷашни воқеан мардумӣ асос шуд, ки аксарияти кишварҳо барои ҷаҳонӣ шудани он саъю талош намуданд ва бо кӯшишҳои муштарак Наврӯзро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд.
Имсол ба санае, ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, нуҳ сол пур шуд.
Сипас форум кори худро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ду бахш  - “Наврӯз - меҳвари муносибатҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ”  ва “Афзалиятҳои рушд дар масири ҳамкориҳои сайёҳӣ” идома дод, ки дар доираи он олимону мутахассисон, коршиносони дохиливу байналмилалӣ дар мавзӯъҳои "Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ", "Моҳияти хоссаи меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ қарор гирифтани Наврӯз", "Ҷанбаҳои фалсафӣ ва ваҳдатофаринии Наврӯз", "Наврӯз – оинаи сайёҳон", "Тоҷикистон – меҳвари тантанаҳои наврӯзӣ", "Афзалият бахшидан ба рушди ҳамкориҳои сайёҳӣ миёни бародаршаҳрҳо", "Ислоҳоти рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ", "Тоҷикистон – минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" ва ғайра бо   маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Дар чаҳорчӯбаи кори Форум ҳамоишҳои илмиву адабӣ, чорабиниҳои гуногуни шавқовари фарҳангию фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ созмон дода шуд.