Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 March 2019

Дар бораи баргузор намудани чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2019» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 22 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2019, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврали соли 2019, №84 тасдиқ гардидааст, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 1. Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2019» рӯзи 24 март, соати 0900 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои №1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Ф.Ҳ., Ҷумазода Ф.Т., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Юсуфӣ М., Билол И., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чемпионати мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории чемпионати мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ