Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2019

            1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки  бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, шурӯъ аз 10 апрели соли 2019 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда шуда, шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс -ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.

Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» дар хатсайри №4 истифода баранд. 

        2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 10 апрели соли 2019 дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи Пахтакор) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.

Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайри №10 истифода баранд.