«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 April 2019

ш.Душанбе. 05.04.2019. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнии пойтахт даври шаҳрии озмуни гулҳо: "Сайри гули лола" дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъомади ботантана ва барномаи калони фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷодиву маърифатӣ, кормандону мутахассисони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,мактабҳои олӣ ва миёни касбӣ, фаъолону аҳли ҷамоатчигии пойтахт иштирок намуданд.

Дар оғоз Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни чорабинӣ расонд.

Тавре дар ҷамъомад зикр гардид, дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар давоми солҳои охир симои муосири меъмориву шаҳрдориро касб намуд, ки бо бунёд ва эъмори боғҳои истироҳативу гулгаштҳои замонавӣ таваҷҷуҳи ҳар меҳмон ва сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷиҳати вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Имсол аввалин маротиба дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2019 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ  озмуни шаҳрии гулҳо “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тазаккур дода шуд, ки вобаста ба парвариши гули лола корҳои омодагӣ ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2018 дар боғу гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа, дар мавзеъҳои алоҳида дизайн ва композитсияҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ, бахусус бо гули лола тасвиргардида, шинонида шуд.

Дар маҷмӯъ, шумораи умумии гулҳои лола беш аз якуним миллион ададро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба миқдори 300 000 дона тухми пиёзаки гули лола дар ҳудуди боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр шинонида шуд.

Инчунин аз тарафи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, тибқи нақшаи мувофиқашуда дар Муассисаи давлатии “Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо” ("Боғи Устод Рӯдакӣ"), хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ. Икромӣ ва мавзеи пасманзараи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо тарзи композитсияҳои гуногун ба миқдори 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар кӯчаю хиёбонҳо ба миқдори 675 010 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд.                

Озмуни шаҳрии  гулҳо “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе аз ду давр иборат буда, даври якуми он дар сатҳи ноҳияҳо баргузор гардида, ғолибон дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳр бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Даври шаҳрии озмун тибқи низомнома аз тарафи гурӯҳҳои корӣ баъд аз пешниҳоди натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни ноҳиявӣ баргузор гардид.

Аз тарафи гурӯҳи кории шаҳрӣ ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашт ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуда, дар рафти баҳогузорӣ шумора ва намуди гулҳои шинонидашуда, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб дар мавзеъҳои гулзоршуда, сифати корҳои иҷрогардида, ҳолати нашуънамо, тозагӣ ва корҳои ободонӣ ба инобат гирифта шуд.

Натиҷаҳои баргузории озмун муайян намуд, ки сохторҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳр ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки дар давоми солҳои 2017- 2018 дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бунёди 62 адад боғу гулгаштҳо тибқи лоиҳа ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”, “Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кӯли Ҷавонон”, Боғи “Кӯдакон”, "Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ" ва Боғи фарҳангию фароғатии “Хайём” гузаронида шуда, баҳри истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт онҳо бо аттраксиону марказҳои дилхушӣ, майдончаҳои варзишию таҷҳизотҳои машқу тамрин ва бозиҳои кӯдакона муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Айни замон, дар шаҳри Душанбе 17 адад боғҳои фарҳангу фароғатӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо тамоми шароитҳо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷамъбасти озмун барои саҳми арзанда дар офариниши чаманзор, гулзори беназир, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонӣ ва ғолибият дар озмуни шаҳрии гулҳо: “Сайри гули лола” миёни ноҳияҳо ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1 насиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақоми дуввум ва Дипломи дараҷаи 2-юм ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, ҷойҳои саввум ва Дипломҳои дараҷаи 3 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд.

Дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал,  Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» сазовори ҷойи дуюм   ва  Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон»-и Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм ва Дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Дар самти беҳтарин  гулгашт бошад, Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазоври мақоми аввал, Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе   ҷойи дуюм ва  Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

 Дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии Боғи Устод Рӯдакӣ  ва иштироки фаъолона  дар озмуни шаҳрии гулҳо: «Сайри гули лола»  Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбоналӣ Алимардон бо  "Ифтихорнома" ва Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷумъахон барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» бо "Сипоснома"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Дастагули мусиқии иборат аз суруду тарона ва савту навоҳои дилангези устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон ба ҷашни гулҳо шукӯҳу таровати баҳорӣ зам намуд.