«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 April 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 12-уми апрели соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии №6 (Бонки миллӣ – маҳаллаи Чортут) ва №11 (мактаби №61 – бозори «Балх») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва нуқтаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрасӣ намуда аз хизматрасониҳии автобусҳои муосир истифода баранд.