Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2019

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" бахшида ба  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми пойтахт"

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

1.      Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» рӯзи 27 апрел, соати 0900 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот ва низомномаи баргузории мусобиқа тибқи замимаҳои №1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3.  Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Саидзода Ф.Ҳ., Ҷумазода Ф.Т., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Юсуфӣ М., Билол И., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4.  Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

5.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ