Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2019

Дар бораи тасдиқи Низомномаи озмуни соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ”

Бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”                                                                                                  

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Низомномаи озмуни “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ”  ва ҳайати комиссия тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа,  раисони ноҳияҳои шаҳр, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” ҳамасола чораандешӣ намоянд.

3.Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни мазкур муқаррар гардида, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он бо ҳайати комиссия ва сохторҳои дахлдор ҳаматарафа чораҷуйӣ намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                           Рустами Эмомалӣ