Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2019

Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои   «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе" аз 12 декабри соли 2018, №788, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар соҳаи маориф", мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1. Протоколи «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол», ки ғолибони озмунҳоро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» тибқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.                                                    

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 3 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешниҳод шуда 8 000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол»   чораандешӣ намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                Рустами Эмомалӣ