Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумоти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сокинон ва меҳмон мерасонад, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Неъмат Қарабоев то гардиш ба кӯчаи Раҳмон Набиев) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 15 апрели соли 2019 маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он аз ҷумла, хиёбонҳои  А. Сино, Ҷ. Расулов, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Мушфиқӣ, Р. Набиев, Маяковский, Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, Раҳимӣ истифода намоянд.

Ҳамзамон, дар ин раванд ба як қатор хатсайрҳои микроавтобус ва автобусҳо тағйирот ворид карда шуданд:

— микроавтобусҳои №№2, 52, ва 54 тариқи кӯчаҳои Мушфиқӣ-Соҳилӣ, №13 тариқи кӯчаи Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ва №№ 15, 25 тариқи кӯчаҳои Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, М. Шерализода;

— автобусҳои №№ 7, 11, 18, 29 тариқи кӯчаҳои Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ҳаракат менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қаблан аз ҳусни тафоҳуми ронандагон ва мусофирон барои монеаҳои ҳаракати нақлиёт, ки дар натиҷаи тадбирҳо ҷиҳати  ободонӣ ва беҳсозии хизматрасонии роҳҳо  андешида мешаванд, сипосгузор аст.