Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2019

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 декабри соли 2018, №770 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе”, мутобиқи моддаҳои 11 ва 191 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Рӯйхати барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018 – 2019 тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур дар соли таҳсили 2018-2019 маблағи 558 000 (панҷсаду панҷову ҳашт ҳазор) сомонӣ тибқи замимаи 2 ҷудо намояд.

3.  Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблаѓи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида, таъмин намояд.

4.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соха гузошта шавад.

  

Рустами Эмомалӣ