«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2019

Дар бораи таъсиси «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади рушди босуботи  соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 826 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»,

 

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъсис ва Низомномаи он тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Хизматрасонии Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути суратҳисоби махсуси Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар хазинадории марказӣ амалӣ карда шавад.

3. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе сметаи даромад ва хароҷотии фондро барои соли 2019 таҳия ва мувофиқа намоянд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муҳтавои қарори мазкурро тавассути ахбори омма инъикос намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

 

Рустами  Эмомалӣ