Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2019

Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 826 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва бо назардошти мактубҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2019, №4-4-425,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2019, №2(а) 7/192, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, №2/497, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 марти соли 2019, №2/13-678(935) ва  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2019, №02-042/32/,                                       

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои талаботи Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр муҳтавои қарори мазкурро тавассути ахбори омма инъикос намояд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

 

Рустами  Эмомалӣ