Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2019

Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории Ниммарафони Х байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи Пойтахт

       

Бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани Ниммарафони Х байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаҳои Саъди Шерозӣ - Ҳофизи Шерозӣ ва аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо хиёбони Рӯдакӣ то бурриши кӯчаи Бухоро санаи 20 апрели соли 2019 аз соати 0800 то 1100  манъ карда шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафони Х байналмилалии Душанбе ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

 

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                                                     Рустами Эмомалӣ