Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2019

 ш.Душанбе. 19.04.2019. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Имрӯз беш аз 300 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

Дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин бениҳоят калон аст.

Иштирокчиёни мулоқот бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки имрӯз шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст, ки ин яке аз омилҳои тавсеаи робитаҳои ҳамкории ҷонибайн маънидод мегардад.

Вохӯрӣ ба таври созанда сурат гирифта, дар  он атрофи дигар масъалаҳои   мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро сурат гирифт.