Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 April 2011

1 апрели соли 2011 дар шаҳри Душанбе нахустин Сехи истеҳсоли гипохлорид натрий барои безараргардонии оби ошомиданӣ дар истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ»-и КВД «Обу корези Душанбе» бо иштироки  Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдулло ев ба истифода дода шуд.

Сехи истеҳсоли гипохлориди натрий, ки ба маблаѓи 9 млн.198 ҳазору 800 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт, тавоноиаш мутаносибан ба 40 кг хлори фаъол дар як соат буда, дар як шабонарўз 960 кг-ро ташкил медиҳад. Барои истеҳсоли 1 кг хлори  фаъол 4кг намаки ошӣ ва 4,5 кВт нерўи барқ масраф карда мешавад. Масрафи намаки ошии ватанӣ дар як сол 1400 тонна ва нерўи барқ қариб 1,6 млн кВт-ро дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, истифодаи технологияи мазкур, ки бо ибтикори бевоситаи шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблаѓгузорӣ карда мешавад, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи нахустин буда, мушкилоти харид ва интиқоли хлори моеъро берун аз Тоҷикистон ҳал менамояд.

Ҳамзамон пеш аз ҳама, технологияи мазкур аз нигоҳи таъмини амнияти истеҳсоливу истифодабарӣ барои кормандон ва сокинони шаҳр бехатар буда, бо назардошти бехатарии экологӣ дар аксари давлатҳои тараққикарда он истифода бурда мешавад.

Характеристикаҳои меъёрии бактериологии оби нўшокӣ низ зимни поксозӣ дар хатти технологии мазкур пурра таъмин карда мешаванд.

Аз таърихи бунёди Истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ:

 Истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ» соли 1952 бо иқтидори лоиҳавии 52000 м3/шабонарўз сохта, ба истифода дода шудааст.

Истгоҳ аз ҳавзи такшонкунии ҳаҷмаш 11000м3, иншоотҳои реагентӣ, 12 адад обсофкунакҳои часпанда, 12 адад обполакҳои зудамал ва 2 адад обанборҳои оби тоза иборат буд ва безараргардонии об бевосита бо истифодаи хлори моеъ амалӣ мегардид.

Соли 1967 баъди аз мувозинаи Вазорати энергетика ба мувозинаи КВД «Обу корези Душанбе» гузаштани Ҳавзи танзими шабонарўзӣ (БСР), ки барои танзими ҳаҷми оби зарурии Нерўгоҳи барқии обии  Варзоб-2 пешбинӣ гардида буд, дар Ҳавзи мазкур марҳила ба марҳила обсофкунакҳои часпанда ба обполакҳои зудамал иваз гардида, иқтидори лоиҳавии истгоҳ то 152000м3/шабонарўз зиёд карда шуд.

Айни замон, баъди азнавсозӣ ва ба истифода қарор додани Ҳавзи танзими шабонарўзӣ, ки ҳаҷми умумии об дар он 407691м3-ро ташкил медиҳад, ҳамарўза ба воситаи Истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ» ба миқдори 300-330 ҳазор метри мукааб оби такшонгардида ба зиёда аз 40% истеъмолкунандагони ҳудуди шаҳр интиқол дода мешавад. Дар ҳолати қатъ гардидани об дар канали дериватсионӣ аз ҳаҷми умумии оби ҳавз ҳамагӣ 25% ҳаҷми об (ё 102000м3) истифода карда мешавад, ки ин барои мўътадил (бе қатъ) интиқол намудани об барои шаҳр дар муддати 7 соат басанда мебошад. Оби боқимонда бошад, ҳаҷми такшоншаванда мебошад. Барои безараргардонии ин ҳаҷми об ҳамарўза ба ҳисоби миёна 250 кг хлори моеъ, дар як сол бошад 91000 кг сарф карда мешуд.