Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2019
ш.Душанбе. 19.04.2019. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Шӯрои директорони ширкати "Қараманчӣ Холдинг"-и Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Фотеҳ Қараманчиро ба ҳузур пазируфт.

Маҳаки асосии вохӯриро масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ширкати "Қараманчӣ Холдинг" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минбаъдаи ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дод.

Тавре зикр гардид, ширкати номбурда фаъолияти худро дар се самт - саноати нассоҷӣ, тавлиди қубурҳои нахҳои шишагин ва гидроэнергетика ба роҳ монда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон корхонаҳои худро ифтитоҳ намудааст.

Зимни баррасии масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ҷонибҳо доир ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли қубурҳои баландсифати нахҳои шишагин дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба дигар масъалаҳои мавриди назар дахл намуданд.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.