Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 April 2019

ш.Душанбе. 20.04.2019. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар Амфитеатри навбунёди боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе ба 200 нафар барандагони стипендияи Раиси шаҳр хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт дар вазъияти ботантана стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Роҳбарияти шаҳри Душанбе кулли иштирокчиён ва сокинони пойтахтро бо Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе табрик намуда, онҳоро барои вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардондани пойтахт ҳидоят намуданд.

Бояд зикр намуд, ки тайи 9 моҳи соли хониш ба ҳар нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе моҳе 300 сомонӣ, ҷамъан ба ҳар нафар маблағи 2700 сомонӣ тақдим мегардад.

Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баҳри ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҳамзамон дастгирии онҳо таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ низ, ки то имруз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд.

Дар ин росто мураббии Муассисаи томактабии рақами 67-и шаҳри Душанбе Алидодова Назарбахт Имомдодовна ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» дониста шуда, бо маблағи 5000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.

Дар озмуни «Хонандаи сол» бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 шаҳри Душанбе Давлатзода Масъуд  супорида шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” муайян гардиданд.

Дар ин бахш коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №7” ғолиби озмуни “Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол” - Табиби сироятшиноси Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сирояти кӯдакона” Нодиров Исфандиёр Бобониёзович бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол” - Табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №13 Баҳромова Нодира Сайҳумроновна бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва ҳамшираи тиббии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №9 Исмоилова Мавлуда Султонбековна ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолиби озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» капитани милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №25 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Нарзулло Каримов бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, барои дарёфти ҷойи дуюм нозири минтақаи хизматии маъмурии №13 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, майори милитсия Шарифхуҷа Сафаров  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12 000 сомонӣ ва барандаи ҷойи сеюм капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №7 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Дилшод Муродов дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ҳавасманд гардиданд.

Фаъолияти самрабахши нафароне, ки шабонарӯзӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ҳамаҷониба қадрдонӣ гардиданд.

Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе Фотима Нурова, Ашӯрбӣ Боймуродова, Фирӯза Назарова ва Шаъмигул Саидова ҳар кадоме бо маблағи 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар фарҷом устодони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъати кишвар бо барномаи калони фарҳангӣ иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.