«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2011

4 апрели соли 2011 дар Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ дар шаҳи Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама бо ҷамъбасту натиҷагирӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар баргузории нахустин ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ М. Убайдуллоев бори дигар таваҷҷӯҳи масъулинро барои тақвияти корҳои ободонӣ ва иҷрои нақшаву барномаҳои созанда нигаронида, бо назардошти он, ки соли 2012 бо ибтикори Президенти мамлакат Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сарони кишварҳои фарогири марзи Наврӯз дар Душанбе таҷлил карда мешавад, дастур дод, ки тадбирҳои омодагии густурда, тибқи нақшаи мушаххас аз имрӯз ибтидо гузошта шаванд.

Бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, аз ҷумла хизматрасониҳои коммуналӣ, дастрасии сокинон ба маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия, ғановати бозори истеъмолӣ, фарҳанги шаҳрнишинию риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, масъалаи тақвияти тадбирҳо оид ба таъмини амнияти шаҳрвандонро дар марзи пойтахт мавриди баррасии амиқ қарор дода, таъкид намуд, ки комиссияи марбутаи депутатӣ ҷараёни дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ то 15 апрели соли ҷорӣ ба сомон расонидани насби камераҳои мушоҳидавиро санҷишу таҳлил намуда, аз натиҷаи он унвонии шаҳрдорӣ гузориш манзур созад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  перомуни вусъати  корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ба ифтихори 20-солагии Истиқлолият мавриди истифода қароргиранда ва дигар сохтмонҳое, ки дар асоси барномаҳои инвеститсионӣ дар шаҳр бунёдашон ҷараён доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, баҳри мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанада  баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста аз масълаҳои фарогир ба муттасаддиён  супоришҳои мушаххас дод.  

Инчунин бо инобати ширкати фаъолонаи мактабиёну донишҷӯён дар баргузории чорабинии Наврӯзи байналмилалӣ ба масъулин дастур фармуд, ки дар робита ба иҷрои муқаррароти шаҳрдорӣ оид ба ҳавасмандкунии молиявии онҳо дар ин ҷараён, бо манзури  гузориш аз воқеияти тадбирҳои анҷомгирифта унвонии Раиси шаҳр, баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешниҳод ирсол намоянд.

Дар ҷаласа рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел доир карда мешавад аз ҷониби Раиси шаҳр таҳлил гардида, зикр гашт, ки тамоми озмунҳои анъанавии касбии шаҳрдорӣ, ки пайваста баҳри тақвияти фарҳангу хизматрасонӣ, ҳавасмандии мутахассисон дар иҷрои вазифаҳои касбӣ нигаронида шуда, ғолибонашон дар ин рӯз қадргардонӣ мешаванд, то 10 апрели соли 2011 ҷамъбаст карда шаванд.

Зимнан муқаррар гардид, ки шаҳрдорӣ барои таблиғи завқи баланди зебоипарастиву дар заминаи он мусоидат ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, ки дар асоси ғояҳои эъҷодкоронаи тарроҳони миллӣ чун муаррификунандаи маҳсулоти ватанӣ ба роҳ монда шавад, фаъолияти тарроҳонро зери роҳбарии Мавлуда Ҳамроева – тарроҳи мӯд минбаъд зери сарпарастии худ қарор дода,  барои тавлиди бренди миллӣ тамоми замина ва шароитҳои кориро фароҳам меоварад.