Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2019

Дар бораи Низомнома ва Номгӯи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе

Бо мақсади қадрдонӣ ва ҳавасмандкунӣ бо мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе барои бо муваффақият иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ, меҳнати пурсамару софдилона, ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 61, 270 ва 347 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 8 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ҚАРОР  МЕКУНАМ:                

1. Низомномаи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Номгӯи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе муқаррар ва Ҳайати Комиссияи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Комиссияи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи Низомнома ба роҳ монад.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони иттифоқҳои нависандагон ва рассомони Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудани намунаи мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе таклифҳо пешниҳод намоянд.

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани қарори мазкур чораҳои заруриро роҳандозӣ  намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад. 

                                                                                  Рустами   Эмомалӣ