Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2019

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба волейболи касбӣ байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 

Бо масади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

 

                                         Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” аз 19 то 26 июни соли 2019 баргузор карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1,2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида маблағи 52150 (панҷоҳу ду  ҳазору яксаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вилоятҳои МКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амниятӣ шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи  «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

            Рустами  Эмомалӣ