Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2019

ш.Душанбе. 24.04.2019.  Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конгреси  навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA — Central Asian Football Association), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти нави CAFA интихоб шуд.   

Анҷумани навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он коршиносони сатҳи байналмилалӣ иштирок  намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ дар соҳаи футболи тоҷик тағйироти куллӣ ба миён омад.

Сохта ба истифода додани садҳо майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ, татбиқи барномаи рушди футболи маҳаллӣ, дастгирии футболбозони наврасу ҷавони миллати тоҷик ва ғолибияти дастаҳои якачини футболи тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаи заҳматҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

Рустами Эмомалӣ на танҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷавонону варзишгаронро дастгирӣ менамояд, балки ӯ ҳамеша ғамхору дастгири ҷавонони  мамлакат буда, соли 2017 сарпарастии тамоми чорабиниҳои Соли ҷавононро бар уҳда дошт.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ зерсохтор ва ассотсиатсия дар Конфедерасияи футболи Осиё буда, футболро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  назорат мекунад.

Ассотсиатсия мазкур  10 июни соли 2014 ташкил шуда, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Ба ин Ассотсиатсия федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

Санаи 24-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ (Central Asian Football Association - CAFA) бо иштироки президентҳои федератсияҳои футболи кишварҳои аъзо, роҳбарони масъул ва намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) баргузор гардид.

Зимни баргузории Конгресс дар асоси овоздиҳӣ Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ интихоб гардид.