Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 April 2019

ш.Душанбе. 25.04.2019. Ҷамъияти Саҳомии Шакли Кушодаи "Душанбегаз" иттилоъ медиҳад, ки дар таърихи 24 апрели соли 2019, соати 21:00 дар қубури газгузари Д-133, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе садама рух дод, ки он дар як муддати кӯтоҳ бартараф карда шуд.

Мутахассисони соҳа сабаби сар задани садамаро дар сӯрох гардидани қубури газгузар маънидод намудаанд.

Қубурҳои газгузар дар ин минтақа аз соли 1974  инҷониб мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Бар асари садама касе осеб надидааст.