Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2019

Дар бораи баргузор намудани Фестивали “Сад ранги чакан” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 6 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                            ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Фестивали “Сад ранги чакан” санаи 3 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали “Сад ранги чакан” якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе маблағи 27200 (бисту ҳафт ҳазору дусад) сомониро тибқи замимаи 2 ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                          Рустами Эмомалӣ