Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 May 2019

ш.Душанбе. 09.05.2019. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамои троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд.

Воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии барқии замонавӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – 2019-2021» харидорӣ гардида, дар баробари беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ, бо тарҳу намуди зебо ва муосири худ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаву хиёбнҳо ба пойтахт зиннати иловагӣ мебахшанд.

Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.  
Зимни рӯнамоии воситаҳои нақлиёти барқии замонавӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёдро доро мебошанд.

 Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад.

Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд. 
Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад.

Зеро онҳо бо воситаҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардида, аз ронандагон малакаҳои иловагиро талаб менамоянд. 

Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав дар давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона ва масъулини дахлдорро ба масъалаи нигоҳдошт ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиётии мусофиркашонии барқӣ ҷалб намуда, таъкид карданд, ки барои муоинаи техникии онҳо дар корхона шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад..

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.