Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 May 2019

Дар бораи баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои бандҳои 24 ва 25 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, №275 тасдиқ гардидааст, баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
 
                         Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

 1. Рӯзи 19 майи соли 2019, аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 дави миллӣ тибқи замимаи 1  гузаронида шаванд.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани   дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ  дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои мақомоти марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ чораҳои дахлдорро амалӣ намуда, иштироки фаъолонаи сокинони пойтахт, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанберо дар чорабиниҳои варзишии зикргардида таъмин намоянд.
4. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши гулгашти кӯчаи Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ-Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ва бурриши кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ санаи 19 майи соли 2019 аз соати 7:00 то 9:30 манъ карда шавад.
5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

                                                                                                                                                             Рустами  Эмомалӣ