«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2019

Дар бораи тасдиқи Низомномаи даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»        

                                                                            ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» тибқи замимаҳои 1,2,3 тасдиқ карда шаванд.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо комиссия оид ба баргузории озмун ҷиҳати ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ...» тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намоянд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар соли 2019 маблағгузории хароҷоти озмуни мазкурро аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи маориф таъмин намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами    Эмомалӣ