Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2019

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди шаҳраку маҳаллаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” 

                                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои босифат ва самараноку саривақтии нақшаи чорабиниҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

                                                                                                    Рустами Эмомалӣ