Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2019

Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва  таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 тасдиқ шудааст ва бо инобати иҷрои банди 81-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 декабри соли 2018, №855 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                              

                         ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. 6 июни соли 2019, соати 1830 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе-маскани озодагон» баргузор карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т.К., Муинӣ М.М., Ҷумазода Ф.Т., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Самӣ Ш.Ҳ., Юсуфӣ М., Билол Иброҳим, Салимзода Н.Ф. ва сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои алоқаманди ҷумҳуриявӣ барои татбиқи саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми баргузории чорабинӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ ба роҳ монанд.

6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  

                                                                                                                                                                 Рустами Эмомалӣ