Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2019

ш.Душанбе. 18.05.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Душанбе – Плаза” Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” доир гардид, ки дар кори он  олимону муҳақиққон, коршиносон, роҳбарони мақомотҳои давлатӣ ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок намуданд.                            

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, Паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба  ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонданд.

 “Ҷавонон қувваи бузурги созанда буда, зарур аст, ки ин нерӯ баҳри шукуфоии Ватани азизамон сафарбар шавад”, -иброз медоранд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз дар кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон баҳри донишандӯзиву омӯхтани илмҳои гуногуни муосир тамоми шароитҳо муҳайё мебошад.  

Рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон ин худ тақозои таърих ва назари хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор диҳанд.

Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он, ҳамеша омода бошанд.

 Тавре зикр гардид, ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими   давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад. 

Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад.

Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияту ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро ҳанӯз аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии кишвар дарк намуда, дар ин самт чораҳои судманд андешид, ки ҳоло натиҷаҳои самарабахш оварда истодаанд.

Дар партави ташаббусу ғамхорӣ ва тадбирҳои муҳими роҳбарияти мамлакат, имрӯз ҷавонон ҷиҳати донишандӯзӣ, гирифтани касбу ҳунар дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт имконоти калон дошта, тадриҷан ба ҳаёти дурахшон ворид шуда истодаанд.

Ин падида баёнгари таваҷҷӯҳ ба таълим, фаъолияти ҷавонон ва такя ба нерӯ ва хирад, бунёдкориву созандагии онҳо буда, аз оғоз то имрӯз ба наҷоти кишвар аз  бунбасту мушкилиҳои зиёд мусоидат менамояд.

Дар кори конференсия Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Носирҷон Салимӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳҳор, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Парвиз Абдураҳмон ва дигарон   вобаста ба нақшу мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар мавзӯъҳои "Ҷавонон ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар Консепсияи таърихшинохтии Пешвои миллат", "Маориф ва насли ояндаи миллат", "Пуштибонии ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамчун омили муҳими таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ", "Зарурати ғоя дар роҳи расидан ба ҳадаф", "Ташаккули низоми арзишии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар" ва ғайра изҳори андеша  намуданд.