Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 May 2019

Дар бораи «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ намудани боғи навбунёд дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзода

Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани  симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, №212 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 77(9) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     

                                                                        ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Боғи навбунёд дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур дар қитъаи замини масоҳаташ 4,3 гектар ба «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ карда шавад.

2. «Боғи Куруши Кабир» дар масоҳати 4,3 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

3. Барои гузоштани муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар «Боғи Куруши Кабир» тибқи лоиҳа иҷозат дода шавад.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Шоҳмансур якҷо бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти  соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                           Рустами   Эмомалӣ