«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 May 2019

Дар бораи баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони “Мо  насли  хушбахти  замон”

Бо мақсади дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас ва иҷрои  банди 8-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” аз 7 майи соли 2019, №274, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаҳои 8 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Фестивали  ҷумҳуриявии наврасон  таҳти унвони  “Мо  насли  хушбахти  замон” дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали  ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони  “Мо  насли  хушбахти  замон” ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтори марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои мақомоти марказӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 68050 (шасту ҳашт ҳазору панҷоҳ) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                Рустами Эмомалӣ