Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 May 2019

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

                                           ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он  тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастон барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод намояд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                       Рустами  Эмомалӣ