Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 May 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ширкатҳои нақлиётӣ (ронандагон ва соҳибкороне), ки фаъолияти мусофиркашониро тавассути нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ  дар шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд,  мерасонад, ки бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 ноябри соли 2018, № 719 “Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукравӣ таксӣ”,  инчунин тибқи муқаррароти банди 3-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2019, №853 “Дар бораи эълон намудани ғолиби озмун” то 15 июни соли 2019 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

Дар сурати то муҳлати муайянгардида иҷро накардани муқаррароти болозикр нисбати ширкатҳои таксӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт чораҳои дахлдор, то манъи фаъолияти онҳо андешида мешавад.