Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 April 2011

7 апрели соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо  228 соҳибмулк – собиқ истиқоматкунандагони кӯчаи Тахмос, атрофи фарогири мавзеи иншооти «Наврӯзгоҳи пойтахт», ки қитъаи замини онҳо барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта, манзили истиқоматиашон бартраф карда шудаанд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар сипосмандии роҳбарияти шаҳрро  ба ҳар кадоми  онҳо, ки  дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷараёни ободонии шаҳр саҳм гузоштанд, иброз намуда, ба кулли соҳибмулкон, ки феълан дар квартираҳои баробарарзиши аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ ҷудогардида истиқомт доранд кӯмаки молиявии якдафъина  ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ расонид.

Тадбири мазкур дар доираи татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №50-5 аз 25 марти соли 2011 сурат гирифта, дар маҷмӯъ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 684 ҳазор сомонӣ масраф гардид.

Ҳамзамон Раиси шаҳр бо расонидани кӯмаки молиявӣ аз онҳо даъват ба миён овард, ки дар нигоҳубин ва истифодаи квартираҳои хусусӣ бо таъсиси ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва риояи одоби баланди шаҳрдорӣ тавассути иштирок дар маъракаҳои ободонии маҳал ва шаҳр нақши муассир гузоранд.