Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 May 2019

ш.Душанбе. 28.05.2019.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

 Бинои Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз хобгоҳҳои хонандагони гимназия дидан намуда, бо шароити истироҳату фароғати таълимгирандагон аз наздик шинос шуданд.

Барои таълимгирандагони ин муассисаи таълимӣ, ки аксарият аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошанд, бо дастури бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гимназия 8 хобгоҳ бо шароити муосиру замонавӣ бунёд карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аманияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешаванд ва бештари хонандагони ин даргоҳи илму маърифатро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳад.  

Омӯзиш дар ин гимназия асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва ба таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар омӯзгори ғайринизомӣ низ аз фанҳои гуногун дарс мегӯяд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити маҷлисгоҳи Гимназияи ҳарбӣ, иттилоъ дода шуд, ки он барои 70 ҷойи нишаст сохта шудааст ва барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни дохилӣ хеле мувофиқу муносиб мебошад.

Дар Гимназия барои огоҳии бештар пайдо кардани хонандагон аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ва фидокориҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ, осорхона низ сохта шудааст, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои пурарзиш, аксҳои нодир аз ҳаёти кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ гардидааст.

Гимназияи ҳарбии ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои синфхонаҳои лингафонӣ, омӯзиши забонҳои англисию хитойӣ, туркӣ ва русӣ буда, хонандагон имкон доранд, ки нозукиҳои ин забонҳои хориҷиро аз устодони ботаҷрибаи худ аз бар намоянд.

Таҳсил дар Гимназияи ҳарбӣ ду сол муайян гардида, хатмкунандагон имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ таҳсили минбаъдаро дар донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо идома диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таҳсилкунандагони аълохон дар ин гимназия дар самти интихоби кишвари оянда бо мақсади идома додани таҳсил имтиёзҳо низ пешбинӣ гардидааст.

Дар Гимназияи ҳарбии ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои хонандагон китобхонаи барҳаво муҳайё карда шудааст, ки таълимгирандагон метавонанд аз адабиёти гуногунмазмуни он ба таври васеъ истифода кунанд.

Ошхонаи барҳавои муассисаи таълимии ҳарбӣ, ки барои 130 нафар пешбинӣ гардидааст, ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад.

Атрофи Гимназияи ҳарбии ворисони "Курӯши Кабир" бо ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳои гуногун оро дода шудааст ва бо мақсади ҷалби хонандагон ба солимгардонӣ ва обу тоби бадан, майдончаи варзишӣ бо шароити хуб сохта шудааст.

Дар назди гимназия ҳамчунин бо мақсади таъмини хонандагон бо маҳсулоти тару тоза гармхона бунёд карда шудааст, ки аз он ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити таълиму тарбияи насли наврас дар Гимназия, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида ва таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.