Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 May 2019

Бо мақсади ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ,роҳандозӣ

намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри  Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 12 ноябри соли 2019, №719 оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ аз 10 ноябри соли 2018 то 10 декабри соли 2018 озмуни кушод эълон гардида, натиҷаҳои он 15 декабри соли 2018 ҷамъбаст шуда буд.

Дар ҷамъбаст лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Бадриддин   Қурбонов оид ба намои зоҳирии воситаҳои  нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо инобати қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоч бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмун гардид.

Дар ин робита мувофиқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони ҳамаи ширкатҳои тавассути воситаҳои нақлиёти мусофирбари сабукрави кироякаши таксӣ фаъолияткунанда, ки хизматрасониро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, муваззаф карда шуданд, ки то 15 июни соли 2019 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" бо мақсади таъмини иҷрои   қарорҳои болозикр то санаи 25 майи соли 2019 аз 1920 адад воситаҳои нақлиёти сабукрави мусофирбари таксӣ, ки дар тавозуни 10 ҷамъияти воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофиркаши таксӣ қарор доранд, зиёда аз 1200 нафар ронандагон намои зоҳирии воситаҳои нақлиётии худро ба намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ намудаанд.

Роҳбарону масъулини ширкатҳои кироякаши таксиро зарур аст, ки то санаи 15 июни соли 2019 намои зоҳирии тамоми воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксиро, ки дар тавозунашон қарор дорад, бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.