Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2019

ш.Душанбе. 30.05.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони "Мо насли хушбахти замон" оғоз гардид.

Фестивали мазкур тайи солҳои истиқлолият бори аввал созмон дода шуда, дар кори он 200 нафар наврасон аз вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.

Рӯзи 29-уми май иштирокчиёни фестивалро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чаҳор даромадгоҳи пойтахт дар фазои дӯстиву рафоқат бо шукргузорӣ аз фазои мусоиди кишвар бо созу мусиқӣ ба таври тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Субҳи имрӯз ширкаткунандагони ҷашнвораи ҷумҳуриявиро созмондиҳандагони он - намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи №55-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушду инкишофи насли наврас аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Тайи солҳои охир бунёди як силсила иншооти муосиру замонавӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишиву бозии кӯдакон  шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Ва бори аввал аз ҷониби шаҳрдорӣ  баргузор намудани фестивали ҷумҳуриявии наврасон дар шаҳри Душанбе низ аз ғамхории ҳамаҷонибаи роҳбарияти шаҳри Душанбе нисбат ба наврасон дарак медиҳад.

Иштирокчиёни фестивал бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бо дарк ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандорӣ дар пояи муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи чорабинӣ наврасон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо  таърихи пурғановати давлатдории миллӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд, ки ин ба онҳо як ҷаҳон таассурот бахшид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки  махзани пурбори маънавии илму маърифат ва бозгӯи фарҳанги қадимаи миллати тоҷик мебошад, бачаҳоро ба фатҳи қуллаҳои навин дар кашфи асрори илму фан роҳнамун кард.

Ниммаи дуюми рӯз иштирокчиёни фестивал дар бинои сирки давлатӣ барномаи калони фарҳангӣ-фароғатиро, ки аз ҷониби эҷодкорони ҷавони кишвар дар ҳамбастагӣ бо ҳунармандону ширинкорони сирки давлатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода шуда буд, тамошо карданд.

Лозим ба зикр аст, ки намоишномаи мазкур бо иштироки беш аз 1800 нафар тарбиятгирандагони хонаҳои бачаҳо ва мактаб-интернатҳои пойтахт ба маъраз гузошта шуд.

Барои наврасон-намояндагони тамоми  минтақаҳои кишвар тамошои    намоишномаи ҳунармандони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов басо гуворо ва дилписанд буд.

Маросими расмии ифтитоҳи фестивали ҷумҳуриявии наврасон "Мо насли хушбахти замон" шоми имрӯз дар амфитеатри Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" баргузор гардид.

Дар оғози ин чорабинии хотирмон Номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба унвони иштирокчиёни фестивал аз ҷониби  муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ қироат гардид.

Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ба рушду такомули насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Барои кӯдакону наврасон тайи се соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 200 майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, даҳҳо мактабу кӯдакистонҳои ҳозиразамон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва дигар иншооти маърифативу солимгардонӣ бунёд шудаанд.

Ғамхории ҳамаҷонибаи давлату ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас, ки ояндаи давлату миллат мебошанд, дар тамоми соҳаҳо бараъло эҳсос мешавад.

Сипас бо иштироки истеъдодҳо ва эҷодкорони ҷавони кишвар, дастаҳои ҳунарии мактабҳои мусиқии пойтахт ва тарбиятгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе барномаи калони фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид.