Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 June 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ,  А. Рӯдакӣ,  И. Сомонӣ,  Н. Ганҷавӣ дар соатҳои баргузории чорабиниҳо маҳдуд карда мешавад.

Дар ин робита, аз сокинону меҳмонон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, метавонанд, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.