Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 June 2019

Дар бораи баргузор намудани озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе»

Бо мақсади иҷрои банди 23 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Ҳайати аъзои Гурӯҳи кории озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ доир намудани озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

3. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир», ки аз ҷониби Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда шавад.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

       Рустами  Эмомалӣ