Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2011

11 апрели соли 2011 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории  шаҳрдорӣ оид баррасии масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама зимни шунидани гузориши раиси комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе А. Рауфӣ оид ба ҳолати истифодабарӣ ва баҳисобгирии  моликияти коммуналӣ дар марзи шаҳри Душанбе, ки тибқи дастури шаҳрдорӣ дар ин самт якҷоя бо масъулини соҳа фаъолияти таҳлилӣ анҷом дода, бо дақиқ сохтани теъдод, рўйхат  ва шиносномаи 724 иншооти коммуналии дар шаҳр феълан аз рўи таъинот мавриди истифода қарордоштаро таҳия намудааст, муқаррар сохт, ки бо назардошти бунёди иншоотҳои нав чӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дар асоси ўҳдадориҳо ихтиёран аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба тавозуни шаҳрдорӣ супоридашаванда корҳои бақайдгирии иншоот ва истифодабарии мақсадноки онҳо таври доимӣ ба роҳ монда шуда, ҳар семоҳа аз натиҷаи он унвонии Раиси шаҳр ахборот манзур карда шавад.

Сипас, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо баррасии дигар масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таваҷҷўҳи масъулинро ба вусъати корҳои ободонию чаманзоркунии кўчаву хиёбонҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба сокинон ва омодагиҳо ба Рўзи пойтахт нигаронида, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти меҳмонхонаҳои панҷисторадори «Сирена», воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ - 14 (фармоишгар сохторҳои зертобеи Хазинаи Оғо Хон дар Тоҷикистон) ва  аз ҷониби ҶСП «СHL-International» дар кўчаи С. Айнӣ - 48 бунёдшаванда  изҳори нигаронӣ намуда, баҳри тақвияти корҳо ва дар мўҳлатҳои муқарраргардида – то моҳи сентябри соли 2011 ба истифода додани онҳо дастур фармуд, ки муттасаддиёни шаҳрӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ ҷадвали иҷрои корҳо дар иншоотро мавриди санҷиш ва зери назорати доимӣ қарор диҳанд.