Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 24-уми июни соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии №4 (Терминали мусофирбарии «Шарқ-Транс» -ҶДММ«Маром), №13 (маҳаллаи Бунёдкорон-кӯчаи Гагарин), №28 (маҳаллаи Зарафшон-Маркази ташхиси техникӣ), №29 (Беморхонаи Қарияи боло-маҳаллаи Пахтакор), №37 (маҳаллаи Бунёдкорон-маҳаллаи Қарогегин) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ  ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо дастрас намоянд.