«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 July 2019

Дар бораи баргузор намудани фестивали «Таомҳои миллӣ» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 13 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати аъзои Гурӯҳи кории фестивали «Таомҳои миллӣ» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории фестивал тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Муинӣ М.М. ва Гуреззода У.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ доир намудани фестивали мазкур дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

3. Даврҳои якум ва дуюми фестивал тибқи муқаррароти Низомномаи фестивали ҷумҳуриявии «Таомҳои миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019, №16 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда шавад.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории фестивали мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ М.М. ва Гуреззода У. гузошта шавад.

 Рустами  Эмомалӣ