Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 July 2019

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби  нӯшокии шоҳқубури қутраш 426 мм, веқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 426 мм дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва муроҷиати Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат-2013» 29 майи соли 2019, №09 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида оид ба мувақкатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 426 мм, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хиёбони Ҳофизи Шерозӣ тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ (кӯчаҳои Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдулло Камандир, Шероз, Шевченко, Бухоро, хонаҳои 1-28 ва Ҳабибулло Назаров)  аз соати 23-00 рӯзи 3 июли соли 2019 то соати 24-00 рӯзи 4 июли соли 2019 қатъ мегардад.

3. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ