«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 July 2019

Дар бораи эълон намудани озмун барои  ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст,

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замима озмун эълон карда шавад.

2. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ба тасвиб расидани қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

3. Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи  тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  вогузор карда шавад.

 

Рустами  Эмомалӣ