Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 July 2019

Дар бораи таъсиси Комиссияи доимӣ оид басанҷиши вазъи истифодабарии муассисаҳои таълимии навбунёди шаҳри Душанбе

Бо мақсади назорати пайвастаи вазъи истифодабарии муассисаҳои таҳсилоти навбунёди пойтахт ва иҷрои банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, ки 14 августи соли 2018 зимни ифтитоҳи марҳилаи аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баён доштанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

                                         АМР   МЕКУНАМ:

1.Ҳайати Комиссияи доимӣ оид ба санҷиши истифодабарии вазъи муассисаҳои таълимии навбунёди шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1тасдиқ карда шавад.

2. Комиссия вазифадор карда шавад, ки ҳар шаш моҳ баъд аз ба истифода додани иншооти нави соҳаи маориф санҷиши ҳолати воқеии онро ба роҳ монда, аз натиҷааш ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намояд.

3.Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки рӯйхати иншоотҳои сохташуда ва дигар маълумоти зарурии иншооти соҳаи маорифи пойтахтро ба Комиссия дастрас намояд.

4.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба таври васеъ таъмин намоянд.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

                                                                                                                  Рустами  Эмомалӣ