«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 August 2019

ш.Душанбе. 02.08.2019.  Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" баргузор гардид.

Дар   он ғолибони даври аввали озмуни 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои нон ва маҳсулоти нониро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёкон, тарғиби эҳтиром ба нон, деҳқон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани нонҳои гуногуни миллӣ, ҳар чӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ иборат мебошад.

Озмун дар се давр, даври аввал дар доираи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак, даври дуюм дар сатҳи шаҳр, ноҳия ва вилоят ва даври сеюми он дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Барои муайян кардани ғолиби озмун синну соли аз 18 боло муқаррар гардида, иштироки мардону занон маҳдуд карда намешавад. Зимни муайян кардани ғолибон ба сифати нон ва маҳсулоти нони миллӣ ва ороиши он бо маҳсулоти гуногун ва дигар шартҳо диқкати махсус дода мешавад.

Дар ҷамъбасти озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо 306 хол соҳиби ҷои аввал, ноҳияи Фирдавсӣ бо 288 хол сазовори мақоми дуюм ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 283 хол ба дарёфти ҷои сеюм мушарраф гардиданд.