Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2011

ХАРИДИ  ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ ВА ТАҶҲИЗОТ

 Даъвати мазкур барои иштирок дар озмуни харид дар асоси огоҳинома оид ба хариди умуми барои лоиҳаи мазкур, ки  8 марти соли 2010  дар веб-сайти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд интишор шудааст, пешниҳод мегардад.

Шаҳри Душанбе (харидор), минбаъд ҳамчун «Харидор», истифодабарии қисми маблағҳои Қарзӣ ва Грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (Бонк) дар қисмати масрафҳои лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» пешбинӣ намудааст.

 

Номгуи лоиҳа

Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»

давлат

Тоҷикистон

Бахши фаъолият

Инфраструктураи муниcипалӣ ва экологӣ

Раками мушаххаси Лоиха

38901

Манбаъи маблағгузорӣ

Бонки Аврупоии тачдид  ва Рушд

Намуди Қарордод

Молу   хизматрасонӣ

Намуди огохонидан (эълон)

Даъват барои иштирок дар озмуни харид

Санаи пешниҳод

12  апрели   соли 2011

Мўҳлати охирин

31 майи  соли 2011, соати 10.00 бо вақти Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

Харидор ҷиҳати пешниҳоди лифофаҳои маҳкамкардашуда аз ҷониби довталабон барои озмун ва қарордоди зерин, ки аз ҳисоби маблағхҳои қарзӣ ва гранти амалӣ мегарданд, даъват менамояд:

·        Лот 2.3 (DSWMP- GDS-02-03): Мошинаи хурди мусофиркаш-5 адад, мошинаи хурди партовбарорӣ-1 адад, таҷҳизот барои коркарди лампаҳои каммасрафи аз кор баромада – 1 адад ва либоси махсус барои коргарон.

Озмуни харид, ки аз ҳисоби маблағҳои Қарзӣ ва Грантӣ амалӣ мегардад, барои тамоми шахсони ҳуқуқи ва  давлатҳо кушода мебошад.

Барои ноил гардидан ҷихати баррасии пешниҳодҳо, довталабон бояд ба талаботҳои минималии зерин чавобгўй бошанд:

a) Гардиши солонаи миёнаи маблағҳои довталабон бояд на кам аз 0,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил намояд, ки дар асоси пардохтҳои умумии иҷрои Қарордодхо дар се соли охир ҳисоб карда мешавад.

 b) Таҷрибаи кор ҳамчун таҳвилкунанда (поставщик) на кам аз 3 (се) қарордод дар давоми панч соли охир бо маблаги на кам аз 0,2 миллион доллари ИМА (ҳар як қарордод), ки бо муваффакият иҷро карда шудаанд. 

Таҳвилкунада (ғолиби озмун) бояд воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизотро дар мўҳлати муайянгардида, ки аз рўзи ба имзо расидани шартнома 12 (дувоздаҳ) моҳро ташкил медиҳад .ба харидор дастрас намояд.

Иҷрокунандаи кор (Пудратчи) (ғолибони озмун) бояд ҳаҷми кориро дар мўҳлати муайянгардида, ки 24 ( бисту чор) моҳро баъд аз имзои қарордод ташкил медиҳад, ба  итмом расонида ба Фармоишгар  супорад.

Баъди дастрас намудани дархости довталаб  барои иштирок дар озмун, ҳуччатҳои озмун ба довталаб дар шакли электронӣ  пешниҳод карда мешавад.

Пешниҳодҳои озмуни бояд ба суроғаи дар поён зикршуда то 31 майи соли 2011 соати 10.00 (бо вақти маҳаллӣ) пешниход карда шаванд.

Пешниходҳо 31 майи соли 2011 соати 10-00 дар ҳузури довталабон, ки хоҳиши иштирок зоҳир намудаанд, кушода мешаванд. 

  English version

Маркази Татбиқи Лоиҳа

Лоиҳаи Идоракунии партовҳои

 сахти маишии шаҳри Душанбе

к. Н. Қарабоев 48, Душанбе-734018

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992372333536

E-mail: piu_dswmp@mail.tj