Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2011

16 апрели соли 2011 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштирок дар фазои индона, соати 8-00, дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон-иштирокчиёни дуюмин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат, Президенти  кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавияти варзиш ва ҷалби доираи васеи мардум ба тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ таври анъанавӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ амалӣ мегардад, кулли меҳмонону  иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

         Дар мусобиқоти мазкур дар маҷмӯъ аз 13 мамолики ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистону Қирғизистон, ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, корпусҳои дипломатӣ чун муаррификунандаи кишварҳои ИМА, Фаронса, Англия, Италия, Голландия, Эстония, Венгрия, Шведсария 43 нафар марафончиёни хориҷӣ ва беш аз 300 нафар марафончиёни ватанӣ ширкат варзиданд.

Сипас, тибқи нақша соати 10-00 дар толори мӯҳташами КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ баргузор гардид.  Қабл аз ҳама М. Убайдуллоев аз дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи мактабиёни пойтахт дидан намуда, бо қаноатмандӣ ҳар кадоми онҳоро ба азхудкунии дониш, пеш аз ҳама илмҳои дақиқ ҳидоят намуда, дастгирияшро дар ин самт баҳри фароҳам овардани шароитҳо ҷиҳати инкишофи зеҳнияшон чун ҳамеша иброз дошт.

Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе чунин муайян ва аз ҷониби Раиси шаҳр дар расми тантанавӣ қадргардонӣ шуданд:

     - «Мактаби сол -2010»-. коллективи меҳнатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот: хонаи сеҳуҷрагии №22, воқеъ дар кучаи Ҳофизи Шерозӣ, 17/4,.

- «Директори сол -2010»- директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 60-и ноҳияи Сино Ибодат Усмонова. Мукофот: 1500 сомонӣ.

- «Муаллими сол -2010»- муаллими фанни физикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и ноҳияи Шоҳмансур Чумак Василий Сергеевич. Мукофот: 1500 сомонӣ.

- «Кӯдакистони сол -2010»- кудакистони № 1-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: 3000 сомонӣ.

- «Мудири кудакистони сол -2010»- мураббии кудакистони № 150-и ноҳияи Сино Хосият Мӯсоева. Мукофот: 1000 сомонӣ.

- «Мураббии сол -2010»- мудири кудакистони № 64-и ноҳияи Шоҳмансур Ситора Сафарова. Мукофот: 1000 сомонӣ.

- «Синфи беҳтарини сол-2010»- коллективи синфи 11-«А»-и мактаби №60, ноҳияи Сино. Мукофот: Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ба роҳбари синф- Эшонова М.И.идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 100 сомонӣ барои 10 моҳ, ба сардори синф 60 сомонӣ ва хонандагони синф ба ҳар кадоме 50 барои 9 моҳ .

-  «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт»- махаллаи «Шафтолузор»-и ноҳияи И. Сомонӣ. Мукофот: диплом ва ҷоизаи рамзӣ ва сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои сад ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр.

- «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - кооперативи соҳибмулкони манзили «Шарқи озоди»-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу  курсӣ.

- «Беҳтарин манзили пойтахт»- бинои истиқоматӣ воқеъ дар кучаи А. Дониш, хонаи 11. Мукофот:  диплом ва дар ҳудуди ҳавлии бинои мазкур насби конструксияи замонавӣ барои бозиву истироҳати кудакон ва 3500 сомонӣ.

- «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - Боева Салима корманди Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино. Мукофот: диплом, телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» ва 3500 сомонӣ.

- «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт»- мактаби мусиқии бачагонаи № 5 ба номи А. Шукӯҳии шӯъбаи фарҳанги шаҳрдорӣ. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу  курсӣ.

- «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт»- Маркази тиббии шаҳрӣ. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу  курсӣ.

- «Муассисаи мусофиркашонии беҳтарини сол -2010» - корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2». Мукофот:Ҷоми фахрӣ ва Ифтихорномаи шаҳри Душанбе

- «Ронандаи беҳтарини сол -2010» - ронандаи ҶСК «Автоколонаи 2927» Саидбеков Саидмурод. Мукофот:Ҷоми фахрӣ ва Ифтихорномаи шаҳри Душанбе.

         Ҳамзамон коллективи меҳнатии кӯдакистони № 135-и  ноҳияи Фирдавсӣ барои ишғоли  ҷойи дуюм дар озмуни “Кӯдакистони сол-2010”ба маблағи 1500 сомонӣ, коллективи меҳнатии  кӯдакистони №104-и ноҳияи  И. Сомонӣ барои ишғоли  ҷойи сеюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2010»  ба маблағи 1000  сомонӣ қадр карда шуданд. 

         Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи пойтахт,  иштирокчиёни озмунҳои «Мактаби сол-2010», «Кӯдакистони сол-2010» «Директори сол-2010», «Муаллими сол-2010», «Мудири кӯдакистони сол-2010» ва «Мураббии сол-2010»  Додобоева Гулхумор - директори мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур,  Мудинова Ниҳолбӣ –директори мактаби №86 ноҳияи Сино, Холова Раҷабгул- директори мактаби №79 ноҳияи  Шоҳмансур, Зубайдуллоева Санавбар -директори мактаби таҳсилоти умумии № 11 ноҳияи И. Сомонӣ, Султонова Латофат- директори мактаби таҳсилоти умумии № 30 ноҳияи Фирдавсӣ, Вафаева Ирина- муаллимаи мактаби № 1  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаниева Олимгул –муаллимаи гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Наимова Меҳрибону – муаллимаи мактаби №37 ноҳияи Сино, Муолова Тоҷинисо – муаллимаи мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ, Саодатоваа Меҳрӣ- мудири  кӯдакистонӣ № 53  ноҳияи Фирдавсӣ, Ятимова Гулчехра – мудири кӯдакистони № 64 ноҳияи    Шоҳмансур, Одилова Зайнаб -  мудири кӯдакистони № 136 ноҳияи   Сино, Розиқова Шаъмигул- мудири кӯдакистони №78 ноҳияи И. Сомонӣ,  Нурова Сайлигул- мураббии кӯдакистони № 110 ноҳияи  Исмоили Сомонӣ, Набиева Қаноатхон - мураббии кӯдакистони №126 ноҳияи Фирдавсӣ ва Кенҷаева Муҳаббат-   мураббии кӯдакистони № 144 ноҳияи Сино ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ мукофотонида шуданд.

         8 нафар хатмкунандагон-барандагони медалҳои тилло ва нуқра мутаносибан ҳар кадоме ба маблағи  200 ва  150 сомонӣ қадргардонӣ гаштанд.

 Ҳамзамон ба 21 нафар донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  ва ба 108 нафар омӯзгорони мактабҳои шаҳр ҳар моҳ ба маблағи 120 сомонӣ ва ба 107 нафар хонандагони мактабҳои пойтахт ҳар моҳ 50 сомонӣ  идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муқаррар карда шуд.

Инчунин ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2010» аз рӯи 17  номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тӯҳфаҳои хотиравӣ - нишони фахрии озмун қадр карда шудаанд:

 I. ҶСП «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

     II. ҶСП «ИИИС Техноинвест» Раҷабов Файзалӣ - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

     III. КДММ «Султони Кабир» Кабиров Авазхон - номинатсияи «Савдо»;        

     IV. ҶДММ «Тоҷикинтурсервис» Қобилов Зафар - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;   

      V.ҶДММ «Фарма» Ҳоҷиев Абдушафеъ- номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

      VI. ҶСК «Тоҷиксемент» Зувайдов Маҳмадсаид- номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

      VII. ҶДММ «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

      VIII. ҶДММ «Фавз» Ҷобиров Абдулазиз - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»;

       IX. ҶДММ «Промстрой-сервис» Ҳафизов Эмомалӣ- номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

       Х. ҶДММ «Рухом» Муҳабатов Муфарах - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

       XI. ҶСК «Сомон саноат» Ёрмаҳмадов Сайдулло – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ»;

       XII.ҶСК «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» Раҳимов Муҳаббат- номинатсияи «Хӯроки умумӣ»;

       VIII.ҶСШП «Вавилон Мобайл» Файзуллоев Беҳзод - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

       XIV. ҶСП «Садбарг» Шарипов Сафаралӣ - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

       XV. ҶДММ «Собириён» Собиров Пӯлод- номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

       XVI. Соҳибкори инфиродӣ Шерматова Наргис - номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

      XVII.Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ».

       - «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2010» ғолиби номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» ҶСШП «Вавилон Мобайл» - Файзуллоев Беҳзод бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва  Ҷоми фахрии Ғолиб сарфароз гардонида шуд. 

         Баъдан аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғолибони дуюмин Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон ҷойҳои аввал - Михаил Быков (шаҳри Санкт-петербург, Федератсияи Россия, 1 соату 4 дақиқаву 44 сония) ва Самохвалова Алёна (шаҳри Москва, Федератсияи Россия, 1 соату 14 дақиқаву 13 сония) ба ҳар кадоме 3500$,  ҷойҳои дуюм- Андрей Петров (шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии ӯзбекистон, 1 соату 5 дақиқаву 15 сония) ва Волгина Наталя (шаҳри Москва, Федератсияи Россия 1 соату 14 дақиқаву 39 сония) ба ҳар кадоме 3000$, ҷойҳои сеюм- Тохир Мамашоев (Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 соату 5 дақиқаву 51 сония)  ва Ситора Ҳамидова (Ҷумҳурии ӯзбекистон, 1 соату 15 дақиқаву 12 сония) ба ҳар кадоме 2500$, ҷойҳои чорум- Сергей Лукин (шаҳри Санкт-петербург, Федератсияи Россия, 1 соату 6 дақиқаву 48 сония)  ва Смольникова Ирина (Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 соату 20 дақиқаву 50 сония) ба ҳар кадоме  2000$, ҷойҳои панҷум- Артём Косимов (Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 соату 8 дақиқаву 51 сония) ва Мария Малышева (шаҳри Санкт-петербург, Федератсияи Россия, 1 соату 21 дақиқаву 28 сония)  ба ҳар кадоме 1800$ ва ҷойҳои шашум - Денис Багрев (Ҷумҳурии Қирғзистон, 1 соату 09 дақиқаву 20 сония) ва Мария Коробицкая (Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 соату 28 дақиқа) ба ҳар кадоме 1500$ дар расми тантанавӣ тақдим карда шуд.