Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 April 2011

25 апрели соли 2011 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Дар ҷаласа дар радифи масоили мубрами хаёти хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама ташкили хизматрасониҳои коммуналӣ, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, ғановати бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, таъминоти мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кўдакон бо маводи хўрокворӣ, ободонию беҳбудбахшии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳр, истифодаи мақсадноки моликияти коммуналӣ, риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда, ба рафти корҳои омодагӣ ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ тавачҷўҳи хоса зоҳир карда шуд.

Бо ин мақсад дар ҷаласа гузоришҳои раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳои бо Қарори дахлдори Раиси шаҳр №553 аз 30 октябри соли 2008  тасдиқгардида аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳо  шунида шуд.

Бо хулоса гузоришҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки ҷиҳати тақвияти корҳо  комиссияҳои марбута фаъолияташонро таври доимӣ идома дода, ҳар ҳафта ҳисоботи раисони ноҳияҳо аз корҳои анҷомгирифта дар сатҳи ҷаласаҳои шаҳрдорӣ шунида шавад.